Шиносоии сокинон аз номзадиҳои арзандаи ҲХДТ

       Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён мулоқоти номзад аз ҳавзаи якмандатии Кӯшониён №27, номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён ва шахсони боэътимоди онҳо баргузор шуд.

       Дар вохӯрӣ Абдусаломзода Мунаввар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, Шодиён Муҳаммад Султонзода номзад аз ҳавзаи якмандатии Кӯшониён №27, шахсони боэътимоди онҳо ва дигар шахсони даъватӣ ширкат варзиданд.

       Ҷамъомадро Абдусаломзода Мунаввар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён кушода, оид ба ҳадафҳои созандаи ҳизб ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 сухан карда, ҳозиринро барои ба таври шаффоф, озод ва демократӣ ташкил намудану гузаронидани интихобот ва иштироки фаъолонаи иштирок намудан дар ин маъракаи муҳими сиёсию тақдирсози кишвар даъват намуд. Дар ин вохӯрӣ Пиров Аламшо  шахси боэътимоди Шодиён Муҳаммад Султонзода номзад аз ҳавзаи якмандатии Кӯшониён №27 шарҳи ҳол ва кору фаъолияти номзади мазкурро ба мардум муаррифӣ намуд.

        Инчунин, номзади ҲХДТ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султонзода баромад намуд, ва интихобкунандагон пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои ҳалталаб баён доштанд.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:

2).17.02.2020.jpg 2) 17.02.2020.jpg

 

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониё

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.