ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ

«Саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Модар - Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».

Аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

 

       Бахшида ба таъсисёбии 27-солагии “Рӯзи артиши миллӣ”, бо мақсади ташвиқу тарғиби хизмат дар сафи қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссариати ҳарбӣ, бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия бо дастгирии ТҶ “Ҷавонони созанда”-и вилояти Хатлон, дар қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоии ҷавонони синни даъватӣ, бо шароити зисту зиндагонӣ, таълимӣ ва бо лавозимоти ҳарбӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 1000 нафар ҷавонон иштирок намуда, аз тарафи афсарони қисми низомӣ корҳои омодагии ҳарбӣ, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ муаррифӣ карда шуд. Ҷавонон аз баргузории чунин шиносоӣ хеле хушҳол гашта, ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ миннатдорӣ баён намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи ТҶ “Ҷавонони созанда”, ба 20 нафар афсарони фаъоли қисми низомӣ ва ба 5 нафар омӯзгорони фанни омодагии дифоъи муассисаҳои таълимии ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Аксҳо аз рафти шиносоии ҷавонон:

2.IMG_1507.jpg 5.IMG_1496.jpg

4.IMG_1494.jpg 3.IMG_1518.jpg

 

 

Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.