Баргузории шӯрои ҷавонон

       Санаи 19 феврали соли равон, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси ноҳияи Кӯшониён, таҳти роҳбарии Вализода Икромиддин Сироҷиддин, аъзоёни Шӯро ва ҷавонони сарбаланди ноҳия баргузор гардид. Рӯзномаи Шӯро аз 2 масъала, ҳисоботи кории котиби Шӯро, Шукронаи Маҳмадализода, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия оид ба фаъолияти Шӯро ва бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ва тасдиқи корӣ Шӯро дар нимсолаи аввали соли 2020 иборат буд.

       Тибқи рӯзномаи баргузории корӣ Шӯро, сараввал  ҳисоботи кории котиби Шӯро шунида шуд. Дар баромади худ Ш.Маҳмадализода оид ба дастовардҳои ба даст омада, чорабиниҳои баргузор гардида ва камбудию норасоиҳо дар соҳа ҷой дошта ҳисобот дод. Сипас тибқи масъалаи 2-юми рӯзномаи ҷаласа, нақшаи омодагардидаи корӣ Шӯро дар нимсолаи аввали соли 2020-ум аз тарафи аъзоёни Шӯро тасдиқ гардид. Вализода Икромиддин Сироҷидин, раиси ноҳия ҳангоми суханронии худ қайд намуданд, ки фаъолияти ҷавонони ноҳия имрӯзҳо назаррас буда, ҷавонони сарбаландӣ ноҳияи Кӯшониён, дар тамоми корҳои ҷамъиятию сиёсӣ, созандагию бунёдкорӣ фаъолона иштирок намуда, пайравони  асили Пешвои муаззами миллат мебошанд. Ҷавонони ноҳия зери таваҷҷуҳӣ доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошанд, қайд намуд раиси ноҳия. Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор ҷавонони фаъоли ноҳия, ки дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд, дар вазъияти тантанавӣ, сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

Аксҳо аза рафти Шӯрои кор бо ҷавонон:

01.IMG_1538.jpg 02.IMG_1549.jpg

2.IMG_1568.jpg 3.IMG_1590.jpg

 

 

Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.