ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ МАРОМИ МОСТ!

       Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 – и ноҳияи Кӯшониён, мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ байни аъзоёни фаъоли бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз муассисисаҳои таҳсилоти миёнаи уммии №9,13 ва 14 дар ноҳия бахшида ба 27 – солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

       Мусобиқа аз рӯи 9 намуд: Хондани суруди ҳарбӣ дар ҷойи ист бо қадам. Инчунин ба тарафҳо гаштан, ҳаво додани норинҷак ба дурӣ (писарон ва духтарон), вазнбардорӣ (санги 16 кг), давидан ба масофи 100 метр (писарон ва духтарон), бандкашӣ, пушидани ниқоб (писарон ва духтарон), Гузаштан аз монеъаҳои майдончаҳои ҳарбӣ, дастхобкунӣ (писарон ва духтарон) ва турниккашӣ гузаронида шуд. Иштирокчиён ин намудҳоро моҳиронаву чусту чолокона иҷро карданд, сазовори таҳсину офарин гардиданд.

       Дар ин чорабинӣ намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  иштирок намуданд, оид ба 27 – солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ баромадҳо намуданд, қайд карданд, ки Ҳукумати мамлакат тамоми шароитҳоро баҳри аз худ намудани илму дониш муҳайё сохта, дар ин раванд шумораи зиёди ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин замина як қатор ҷавонони болаёқат дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар таҳсили илм намуда истодаанд.

       Хотиррасон менамоем, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ ин тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои инсондӯстӣ ва хештаншиносӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҷавонон ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Аксҳо аз рафти мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ:

2-2.jpg 3-3.jpg

 

 

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.