Илоҷи ҳар воқеа пеш аз вуқуъ. Ин ҳикмати мардумӣ бояд ҳамеша зери назар бошад. Бахусус дар мавриди ҳодисаҳои фавқулодаву офатҳои табиӣ , ки пешгӯишавандаанд. Вале метавон бо роҳандозии тадбирҳо ва омӯзишҳо хатари ин офатҳоро коҳиш дод, мардумро огоҳ кард, ки дар сурати пеш омадани ин ё он офат чӣ бояд кунанд. Ва дар тамрини охир, ки шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия роҳандозӣ намуд, ҳамин тадбирҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Тибқи фармоиши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва Нақша чорабиниҳои асосии ноҳияи Кӯшониён оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ , эътино пешгирӣ ва оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2020 бо мақсади санҷидани сатҳи омодагии Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён машқи фармондеҳии ситодӣ -мудофиаи гражданӣ баргузор шуд.
Ин машқ зери унвони «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании ҷамоат ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода ҳангоми рахнашавии обанбори НБО Левакант» роҳандозӣ гардид.
Дар он масъалаҳои эҳтимолияти зери об мондани аҳолии деҳаҳои Сари Пул ва Дустии Ҷамоати шаҳраки Бохтариён бар асари болоравии сатҳи об обанбор ва рахна шудани он баррасӣ шуд. Яъне таҳлил шуд, ки дар сурати рух додани ин гуна ҳодиса чӣ бояд кард, то хатари офат коҳиш ёбад.
Дар машқи фармондеҳии ситодӣ - мудофиаи гражданӣ қувва ва воситаҳои хадамотҳои мудофиаи граждании «Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ », «Оташнишонӣ », «Тиббӣ », «Нақлиёт ва роҳ», «Коркарди санитарии одамон ва безарагардонии сару либос», «Ҳифзи ҳайвонот ва растаниҳо» ва хадамоти мудофиаи граждании «Муҳофизат аз селҳо ва бурдани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ », инчунин ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании Ҷамоат, комиссияҳои мудофиаи гражданӣ , қувваю воситаҳои Ҷамоат ҷалб карда шуданд.
Дар ин омӯзиш 350 нафар ва 8 адад нақлиётҳои махсус ва мусофиркаш ҷалб карда шуд.
Дар машқи фармондеҳии ситодӣ - мудофиаи гражданӣ аз ҷониби хадамотҳои мазкур корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми сар задани офатҳои табии ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода бо таври амалӣ ба иштирокчиён омӯзонида шуда, дар рафти гузаронидани машқи мазкур аҳолии деҳаҳои Дустӣ ва Сари Пули Ҷамоати шаҳраки Бохтариён тавассути нақлиётҳо ба ҷойҳои бехавф эвакуатсия карда шуд ва аз тарафи Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ ба аҳолии деҳаҳои мазкур шинос карда шуд.
Ҳамзамон чорабинии мазкур аз тарафи телевизионии «Шабакаи аввал» наворбардорӣ шуда, ҳангоми ба анҷом расидани машқ аз ҷониби Сардори шуъба Қуватзода Д ба иштирокчиёни фаъоли машқ сипоснома ва ифтихорнома тақдим карда шуд.
Аксҳо аз Нақша чорабинии эътино пешгирӣ ва оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода:
н.Кӯшониён