Субҳи 1 марти соли равон, дар тамоми участкаҳои интихоботии ноҳия, бо садо додани суруди миллӣ, маъракаи интихоботӣ оғоз гардид. Сокинони бофарҳанги ноҳия, бо эҳсоси баландӣ ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ба нуқтаҳои овоздиҳӣ дастаҷамъона ҳозир шуда, баҳри ояндаи дурахшони Ватани азизамон овози худро медоданд. Шаҳрвандоне, ки нахустиншуда ва ҷавононе, ки бори аввал овоз медиҳанд, бо гулдаста ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуданд.
Дар ноҳия ба тамоми қишри ҷомеа, шароити мусоид барои овоздиҳӣ фароҳам гардида, аъзоёни участкаҳои интихоботӣ бо қутиҳои сайёр ба хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони имконияташон маҳдуд ва пирони барҷомонда ҳозир мешуданд. Дар тамоми участкаҳои интихоботӣ фазои идона ҳукмфармо буд. Аз рафти чорабинии муҳими сиёсӣ, мушоҳидони байналмилалӣ низ дидан намуда, нисбати корҳои омодагии участкаҳо ва рафти интихобот баҳои баланд доданд. Интихобот дар ноҳия, тибқи қонунгузорӣ соати 20-00 бо садо додани суруди миллӣ анҷом ёфт.
Аксҳо аз рафти интихобот:
Кӯшониён