Кӯшониён: Интихобот дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ баргузор гардид

     Якуми марти соли равон, Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои идона дошт, зеро дар аввалин рӯзи фасли баҳори нозанин, шаҳрвандон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро бо ҳисси ватандӯстӣ ва рӯҳияи баҳори сипари намуданд. Бояд зикр намуд, ки интихобот рукни муҳими ҷомеаи демократӣ мебошад ва дар давлати демократӣ гузаронидани онро муҳаққиқон шарти асосӣ ба ҳисоб додаанд.  Қайд кардан зарур аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин бори шашум аст, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор карда мешавад. Зикр намудан ба маврид, аст ки овози як нафар метавонад тақдири як вакилро ё як ҳизби сиёсиро ва умуман тақдири миллатро ҳал намояд. Ин нуқтаро сокинони заҳматкаш ва дӯстдорони ин миллати фарҳангдӯсту ин Ватани ба ҷон баробари Кӯшониён дарк намуда, дар ин рӯз бо шукргузорӣ аз чунин сиёсати пешгирифта сар карда аз соати 06:00, бо садо додани суруди миллӣ   ба овоздиҳии вакилони маҳаллӣ, вакилони вилоятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ  шуруъ намуданд. Яъне ба овоздиҳӣ омаданд ва бо ин омаданҳояшон муайян намуданд, ки нисбати ояндаи кишвар ва тақдири миллату давлат бетараф нестанд. Зимни мушоҳидаҳо дар  биноҳои учаскаҳои интихоботӣ ва дар кӯчаҳо дар чеҳраи ҳар нафари интихобкунанда ифтихору ғурури миллии тоҷикона ва руҳияи фараҳу шодӣ ва идона  ҳис карда мешуд.  Зикр намудан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Кӯшониён 5- то Ҷамоати деҳот ва 3 Ҷамоати шаҳрак мавҷуд аст, ки дар ҳамаи онҳо участкаҳои интихоботӣ аз аввалҳои моҳи феврали соли ҷорӣ таъсис дода буданд ва то баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ омодагии пурра дида буданд. Дар рӯзи интихобот бошад ин участкаҳои интихоботӣ фаъол буданду то анҷоми вақти муайян гардидаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фаъолияти хуб нишон доданд. Бояд қайд намуд, ки дар тамоми  участкаҳо шароити мусоид, ҷиҳати озоду шаффоф ва холисона  гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  фароҳам оварда шуда буданд. Ҳамчунин дар участкаҳо нозирони миллӣ рафти интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро назорат мебурданд. Бояд қайд намуд, ки ширкат варзидан дар  интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, умуман иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ, ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд гуфт, ки дар ин маъракаи  муҳими сиёсӣ нисбат ба дигар қишри ҷомеа саҳми ояндасозони  Ватан,  яъне ҷавонон  хеле бориз буд. Ҳамаи ҷавонони ноҳия бо як шавқ ба интихобот меомаданд ва ба вакилу ҳизби арзандаю созанда райъи хешро медоданд.                     Ҷавонони созандаи Кӯшониён дарк намудаанд, ки ин озодию оромӣ бо чашидани талхиҳои зиёд ва ҷон додани чандин ҷавонмардон ба даст омадааст. Ва бо умеди аз даст надодани  чунин оромӣ бо руҳияи болида, бо азму иродаи қавӣ ба вакилон ва ҳизби арзанда райъ доданд ва онҳо бо ин амалашон ҳаққи конститутсионӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандии хешро дифо карданд.  Тамоми шаҳрвандон аз вакилони овоздодаашон умедвори  ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон гардонидани Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи тоҷик ҳастанд. Нафарони ба синни 18 расида ба вакилоне овоз доданд, ки дилу нияти пок, иродаи қавӣ ва донишу малакаи баланд доранду 5 соли пешомади кишварро бо пойдории Сулҳу субот сипарӣ менамоянд. Ин маъракаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ яъне интихобот  дар фазои озоду демократӣ ва дар сатҳи баланд дар ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.

         Ба ҳавзаи якмандатаи “Кӯшониён-27” 4 нафар номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис гашта буданд. Натиҷаи ҷамъбасти интихобот нишон дод, ки номзад аз ҲХДТ Шодиён Муҳаммамад Султонзода пирӯз гардида, ба тарафдории ӯ 65640 ё ки 69,1% овоз доданд. Ба тарафдории номзад аз ҲИИТ Ғоибов Ф.Ҳ 9689 нафар ё ки 10,2% овоз додаанд. Ба номзадҳои худпешбар Аминов К ва Пиров И мутаносибан 3866 нафар, 4,1% ва 13584 нафар, 14,3% овоз додаанд. Тамоми номзадҳо қайд намуданд, ки интихобот дар сатҳи баландӣ  сиёсӣ,  шаффоф ва демократӣ баргузор гардида, шаҳрвандон ба номзадҳои арзанда ва ҳизби пешсаф овоз доданд. 

Натиҷаи интихоботи ҳизбҳои сиёсӣ чунин аст:

1. ҲХДТ – 41325 нафар, 43,5 %

2. ҲАТ – 19105 нафар, 20,03%

3. ҲИИТ – 18745 нафар, 19,09%

4. ҲДТ – 5358 нафар, 5,7%

5. ҲСТ – 5028 нафар, 5,3%

6. ҲКТ – 2015 нафар- 3,1%

7. ҲСДТ – 303 нафар, 0,3%

 

Фарҳод МАҲМУДОВ

Миёна: 4.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.