“Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, омӯхтани илму ҳунарҳои муосир, аз таъсири ақидаву равияҳои бегонаи ифротпарастӣ эмин доштани онҳо ва умуман мубориза бар зидди ифротгароӣ низ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми фаъолияти ҳаррӯзаи роҳбарону масъулон, фаъолону аҳли зиё, падару модарон ва дар маҷмӯъ, аҳли ҷомеа мебошад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 3 марти соли равон, дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия, таҳти роҳбарии Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия ва бо иштироки роҳбарияти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навбаҳор ва Меҳнатобод бо сокинони деҳаҳои Баракат ва Гулистон, вохурии судманд баргузор гардид. Аз тарафи гуруҳӣ корӣ сараввал нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон масъалаҳои дигари мубрами рӯз аз қабили даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳои ифротгаро, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, корҳои ободонию созандагӣ, омодагиҳо ба ҷашни Наврӯзӣ байнамиллалӣ ва кишти баҳорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси ноҳия аз сокинони ин деҳотҳо даъват ба амал оварданд, ки дар корҳои ободонӣ, тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар руҳияи ватанпарастӣ, саҳмгузор бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.