Бо назардошти баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи зебопарастӣ, ахлоқи ҳамида, мусоидат дар маърифати оиладории ҷавондухтарон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби насли наврас ба эҷодкориву созандагӣ, санаи 3 марти соли равон, бахшида ба “Рӯзи модар” даври дуюми озмуни ноҳиявии “Ҳусноро-2020”, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия гузаронида шуд.
ғолибони даври аввал, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шуд, ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Озмун аз чунин шартҳо иборат буд. Қироати порчаҳои шеърӣ, ҳусну малоҳат, намоиши либосҳо, ороиши ва парвариши муй, ҳусни табиӣ, пардози чеҳра, мавзуни қомат, хондани суруди алла иборат буда, ғолибони даври ноҳиявӣ, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибони даври ноҳиявӣ, аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия туҳфаҳои арзишманд супорида шуд.