“Хизматчиёни давлатӣ ва тамоми шаҳрвандони мамлакатро даъват менамоям, ки дар роҳи пешрафти Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, то ин ки мо ҳама якҷо кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем”.
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Бо мақсади шаффофу одилона баргузор намудани озмун, ба хизмати давлатӣ ҷалб намудани мутахассисони соҳибмаълумот, ботаҷриба, кордону соҳибмаърифат ва бекор, санаи 4 марти соли равон, озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, таҳти роҳбарии С.Аҳлидинзода, муовини аввали раиси ноҳия, раиси комиссия, бо иштироки А.Солиев сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, аъзоёни комиссия ва довталабон ба хизмати давлатӣ баргузор гардид. Ба 14 вазифаи холии маъмурии хизматӣ давлатӣ, ба комиссияи озмун зиёда 40 нафар шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намуданд, ки аксарияти онҳоро ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ташкил медоданд. Аз рафти баргузории озмун маълум гардид, ки довталабон омодагии ҷиддӣ дида, бо дилу гарм кӯшиш менамуданд, ки хизматчии давлатӣ гардиданд, зеро ки кор кардан дар мақомоти давлатӣ ин шараф ва ифтихор аст.