
Қобили қайд аст, ки омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, тамоми табақаҳои аҳолӣ аз ҳайати роҳбарикунанда то дигар табақаҳои поёнии ҷамъият дар соҳаи мудофиаи гражданӣ омӯзонида мешаванд. Мақсад аз гузаронидани машғулиятҳо омода намудан ва омӯзонидани аҳолӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи онҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва омодагӣ ба мудофиаи гражданӣ мебошанд. Бо ҳамин мақсад пайваста машғулиятҳо бо дараҷаҳои гуногуни аҳолӣ ҳар моҳ гузаронида мешаванд.
Тибқи нақша-чорабиниҳои асосии ноҳияи Кӯшониён оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2020 ва нақшаи пуррагардонии Маркази таълимию методии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон рӯзҳои 3-4 марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия машғулиятҳои омӯзишӣ доир ба соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.
Омӯзиши мазкур аз ҷониби афсари Маркази таълимию методии Раёсат лейтенант Тулкунова У, мутахассиси маркази таълимӣ методии Раёсат хизматчӣ Холов И. дар ҳамбастагӣ бо Сардори хадамоти шиносномадиҳии ноҳия майори милитсия Набизода Н. ва Сардори шуъбаи Раёсати Кумита дар ноҳия капитан Қуватзода Д. гузаронида шуд.
Мақсад аз гузаронидани машғулият ин пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ва баланд бардоштани маҳорату малакаи коргарон ва хизматчиён мебошад. Омӯзиши мазкур дар асоси Барномаи омӯзишии соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ гузаронида шуда, дар рафти машғулият ба диққати роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия нақшаҳои омӯзиши аҳолӣ ва барномаҳое, ки аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст фаҳмонида шуда, қайд карда шуд, ки ҷиҳати иҷроиши Барномаи омузишии “Асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои хонандагони синфҳои 2 ва 6”-ро дар муассисаҳои таълимӣ зери назорати доимӣ қарор диҳанд. Дар баробари ин вобаста ҳолатҳои фавқулода дорои хусусиятҳои табии ва техногенӣ аз он ҷумла заминларза, обхезӣ, тармафароӣ, сел, садамаи нақлиётӣ ва риоя намудани қоидаҳои шиноварӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд.
Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва
мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён
Капитан Қуватзода Д.Қ