Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат дарҷ гардидаанд, аз тарафи роҳбарияти ноҳия бо сокинони Ҷамоати деҳоти С.Истиқлол вохӯри баргузор гардид. Ҳангоми суханронӣ раиси ноҳия қайд намуданд, ки аз 4 марти соли 2020, таҳти рақами 1466 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ ба имзо расид. Раиси ноҳия аз иштирокчиёни вохӯри даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Пешвои миллат, ҷавонони синни даъватиро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намоянд. Шаҳрвандоне, ки ихтиёри ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд ва тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён имтиёзҳо муҳайё мегарданд, қайд намуд раиси ноҳия. Ҳамзамон аз тарафи гурӯҳӣ корӣ масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои ифротӣ, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи наврасону ҷавонон, корҳои ободонию созандагӣ мавриди баррасӣ қароро гирифтанд. Инчунин дар рафти вохӯри раиси ноҳия қайд намуданд, ки имрӯзҳо байни мардум овозаҳои бардуруғ нисбати пайдоиши бемории “Каронавирус” паҳн гардидааст. Ин овозаҳо беасос буда, вазъият зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдор қарор дорад, қайд намуд раиси ноҳия.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:
Кӯшониён