ВОХӮРИИ ГУРӮҲӢ КОРИ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ БОХТАРИЁН

     Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардидаанд, инчунин дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, санаи 6 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи Энергетикии Тоҷикистон, вохӯрии роҳбарияти ноҳия бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Бохтариён баргузор гардид. Рӯзномаи ҷамъомад аз якчанд масъалаҳои ҳалталаб иборат буда, пеш аз ҳама раиси ноҳия дар баромадашон қайд намуданд, ки аз 4 марти соли 2020, таҳти рақами 1466 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ ба имзо расид. Роҳбарияти ноҳия аз иштирокчиёни вохӯри даъват ба амал оварданд, ки баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат, ҷавонони синни даъватиро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намоянд.

     Шаҳрвандоне, ки ихтиёри ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якчанд имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст, қайд намуд раиси ноҳия. Инчунин масъалаҳо оид ба риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои ифротӣ, таҳсили ғайрирасмии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣаз тарафи наврасону ҷавонон, омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз, корҳоиободонию созандагӣ ва кишти баҳорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.      

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:

2.IMG_2055.jpg 3.IMG_2058.jpg

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.