Санаи 7 марти соли равон, дар Кохи фарҳанги ноҳия, бахшида ба муносибати ҷашнӣ “Рӯзи модар”, бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва бонувони тамоми ташкилоту идораҳо, собиқадорони меҳнат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, аҳли нишаст ва дар симои онҳо тамоми бонувони ноҳияро бо ин ҷашни мубораку хотирмон самимона табрику таҳният гуфта барояшон рӯзгори нек, тансиҳативу хонаободӣ таманно намуданд. Баъд аз табрикоти раиси ноҳия, ба як қатор бонувони фаъоли ноҳия ва собиқадорони меҳнат, Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо тантана супорида шуд. Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ, бахши фарҳанги ноҳия барномаи зебоӣ фарҳангиро, ки лабрез аз сурудҳо нисбати зан-модар буд, пешкаши ҳозирин намуданд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ: