МАТБУОТИ ТОҶИК:ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН

         “Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳои зараровар раҳо карда метавонад”.

                   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

    Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, тамоми кормандони Васоити Ахбори Оммаи ҷумҳуриро, бо “Рӯзи матбуот”, ки ба санаи 11 март рост меояд муборакбод намуда, миннатдории хешро ҷиҳати ҳамкории ҳамаҷониба, инъикоси дастовардҳои ноҳия ва ҳалли мушкилотҳо дар баъзе соҳаҳои мухталифи ноҳия мерасонад. Саҳми кормандони ВАО, дар пешрафту рушди ноҳия хеле назаррас мебошад, зеро ки тамошобин ба воситаи расонаҳои хабарӣ ва меҳнати пуршарафи рӯзноманигорон аз тамоми хабару воқеаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он иттилоотӣ саривақтӣ мегиранд.

   Аз таърихи нашри аввалин шумораи рӯзномаи сирф бо забони тоҷикӣ- “Бухорои Шариф” 11- марти соли равон, 108 сол сипарӣ мегардад. Ҳамасола ин санаро кормандони Васоити Ахбори Оммаи ҷумҳурӣ, яъне телевизиону радио ва матбуот, бо тантана ҷашн мегиранд. Махсусан матбуотчиён бо як шукуҳу шаҳомати хоса ин иди касбиашонро таҷлил менамоянд. Мусаллам аст, ки пешаи рӯзноманигор, касби хеле мушкил аст ва на ҳар нафар тоби фаъолият дар ин соҳаро дорад, зеро чизи нав ҷустану чизи нав гуфтан ба ҳар нафар ба осонӣ даст намедиҳад. Яъне на ҳар кас эҷодкор аст, на ҳар инсон ин истеъдоди Худододиро дар замираш дорад, на ҳар шахс худро дар ҷои қаҳрамонаш мебинаду тасаввур мекунад ва на ҳар нафар бо суханаш мардумро аз пушти худ бурда метавонад.

   Бори дигар, ин иди касбиро ба тамоми қаламкашон, яъне рӯзноманигорон, ки барои сари вақт огоҳ намудани мардум ба иттилоот заҳмат мекашанд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён табрику таҳният намуда, ба тамоми кормандони Васоити Ахбори Оммаи чумҳурӣ парвози баланди эҷодӣ, қалами ҳамеша бурову гирорро, дар инъикоси рӯйдодҳои ҷомеа ва асоситарин рисолати касбӣ, ки ҳақиқатнигориаш хондаанд, таманно дорад.

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.