Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тақвият додани корҳои тарғиботиву фаҳмонидадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба ин васила тарғиби сару либоси миллӣ, дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои пешгирии бегонапарастоии занону ҷавонон ва татбиқи бо самари Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи масъулияти падару модар дар таълмиу тарбияи фарзанд” кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо занон Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳия мулоқот доир намуданд.
Дар мулоқот кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон дар ҳифзи оиладорӣ, омода намудани онҳо ба оиладорӣ, одоби муошират, нақши онҳо дар ҳамдигарфаҳмии аҳли хонадон ва таълиму тарбияи фарзандон, бунёди оилаи солим, рафтори ғамхорона нисбат ба якдигар, маърифати либоспӯшӣ ва дигар масъалаҳое, ки дар ҳаёти ҳар як зан ва оила нақши муҳим мебозад, суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом аз тарафи кормандони кумита ба занон маводҳои таллиғотии ҳизбӣ супорида шуд.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён