Ҷаласаи Ситоди ноҳиявии доимамалкунанда бо мақсади пурзур намудани чорабиниҳои пешгирикунанда ва омодабоши дар қаламрави ноҳия вобаста ба пешгирӣ, воридшавӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ.
Ҷаласаро котиби ситод оғоз намуда татбиқи нақшаи чорабини ахборот пешниҳод намуд, ки дар муассисаҳои тандурустии ноҳия барои омодагии қабули бемориҳои сироятӣ ҳуҷра ва катҳои алоҳида дар маҷмӯъ 40 кат бо таҷҳизотҳои як каратаи тиббӣ, маҳлулҳои дезинфексионӣ, буклетҳои иттилооти ташкил карда шудааст: роҳрави ҳуҷраҳо барои бистарикунонии беморони гумонбаршуда дар алоҳидагӣ ба роҳ монда шудааст.
Тамоми кормандони соҳа, бо ниқоб ва дастпушакҳо таъмин карда шудааст ва барои бозомӯзӣ аз тарафи мутахассисони бемориҳои сироятй суратмаҷлис гузаронида шуд.
Аз тарафи мутахассисони Маркази Назорати Давлатии Санитарй ва Эпидемиологии ноҳияи Кӯшониён.
Дар гузаргоҳҳои қаламрави ноҳия аз он ҷумла дар фурудгоҳ ва роҳи оҳан шахсони мутасадди вобаста карда, назорати қатъи бурда истодаанд. Шахсони мутасадӣ оиди воридшавии шаҳрвандон аз дигар мамлакатҳои хориҷа омадашуда ва дар вақти тафтиши аз тарафи МНДСЭ-и вилояти Хатлон, МНДСЭ-и шаҳри Бохтар ва МНДЭС-и ноҳияи Кӯшониён назорати қатъи бурда имрӯз 56 нафар меҳмононро тафтиш намуданд ягон бемории гумонбар дарёфт нашуд.
Кормандони шабакаи кумаки аввалаи тиббию санитарии ноҳия оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ бригадаи хонагаштак таъсис дода ҳар рӯз дар ҳамаи ҷамоатҳо аз тарафи кормандони миёнаи тиб хонагаштак намуда истодаанд, имрӯз ҳамаги гашти хонаҳо 1854, аҳоли 10802, БШРН-90-нафар, ҳароратбаланд-28-нафар, бистари нест.
Аз тарафи Маркази Ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Кӯшониён дар байни аҳолй чорабиниҳо оиди бемориҳои мавсими тағриботу ташфиқот бурда истодаанд.
Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён
Давлатзода М.Д.