Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки минтақаҳои мухталифи оламро мавҷи бесобиқаи терроризм, ифротгароӣ ва низоъҳо фаро гирифта, рақобати геосиёсии абарқудратҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Тоҷикистон, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ҳамеша зидди ҷангу нооромӣ ва ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳама гуна мухолифату низоъҳо мебошад.
Аз ҳодисаву рӯйдодҳои чанд соли гузашта, бахусус моҳҳои охир маълум мегардад, ки бар асари буҳронҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷиҳати аз нав тақсим кардани ҷаҳон, инчунин, шиддат гирифтани низоъҳои диниву мазҳабӣ, амалҳои даҳшатбори террористӣ дар як қатор минтақаву кишварҳои сайёра вазъи ҷаҳони муосир боз ҳам мураккабу ҳассос гардидааст.
Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани экстремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ даҳҳо ҳазор одамон ба ҳалокат расида, оромиву осудагӣ дар аксари мамлакатҳо халалдор гардидааст.
Мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиеро, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дода, сабабгори талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида, таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик аз байн нарафтааст, фаромӯш накардаем.
Сулҳ ба ҳайси бузургтарин сармояи маънавии инсоният шароит ва имкон фароҳам меорад, ки аҳли башар бо ҳам дӯстона зиндагӣ кунанд ва барои худ муҳити орому осоишта бунёд намоянд.
Танҳо ба шарофати сулҳу ваҳдати комил мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳ қариб як миллион нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонем, барои мардум шароити кору зиндагиро муҳайё созем ва раванди созандагиро оғоз намоем.
Вазъи имрӯза ва хатарҳои афзоянда бояд шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонони моро ҳушёр созанд, ки ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шомил нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи давлатдории миллиамон кӯшиш намоянд ва Ватани азизамонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд.
Аз ин рӯ, дар ин лаҳзаҳо бахусус, ба ҷавонони даврони истиқлолият муроҷиат карда, таъкид намуданиям, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо - сулҳу суботи пойдор расанд, зиёдаравӣ накарда, шукронаи Ватанро ба ҷо оранд, ба қадри ҳар ваҷаб хоки муқаддаси сарзамин расида, танҳо дар доираи қонун зиндагиву фаъолият кунанд, сатҳи саводу дониш ва ҷаҳонбинии худро баланд бардошта, Тоҷикистони маҳбубро бо тамоми муқаддасоташ ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд.
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди мардуми шарафманди мо маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон саломатӣ ва тавфиқу комёбиҳо орзу намуда, ба даргоҳи Худованди мутаъол ва Офаридгори замину осмон дуо мекунем, ки амну амонии мулкамон, сулҳу суботи мардуми кишварамон ва хонаободии ҳар сокини Ватани маҳбубамонро поянда гардонад.
Имомхатиби масҷиди ҷомеъи ба номи
Қори Абдулмаҷиди ҷамоати деҳоти Заргар
Тошпулотов Нозимҷон