БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН, ДАЪВАТИ ШАШУМ

    Санаи 16 марти соли равон, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, таҳти раёсати раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, бо иштироки Умед Зоирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия ҳамзамон вакилони инхобшуда, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мудирони шуъбаю бахшҳо ширкат варзиданд. Пас аз садо додани Суруди миллӣ иҷлосия ба кори худ шуруъ намуд. Рӯзномаи иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, даъвати шашум аз масъалаҳои зерин иборат буд.

1. Ҳисоботи раиси Комиисияи интихоботии ноҳиявӣ оид ба натиҷаи баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён ва тасдиқ намудани ваколати вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, даъвати шашум.

2. Дар бораи тасдиқи Дастури кории Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён.

3. Дар бораи таъсиси Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, интихоби ҳайати онҳо, тасдиқ намудани Низомномаи комиссияҳои доимӣ, таъсиси комиссия оид ба баррасии пешакии масъалаҳои вобаста ба номгузорӣ ва тағъйр додани номи маҳаллаҳои аҳолинишини назди Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, интихоби ҳайати онҳо, таъсис намудани Комиссияҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва интихоби ҳайати онҳо.

4. Дар бораи бюлеттени овоздиҳии пинҳони дохил намудани номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Дар бораи ташкил намудани Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба ҳисоб кардани натиҷаи овоздиҳӣ дар бораи пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Дар бораи интихоби ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба ҳисоб кардани натиҷаи овоздиҳӣ дар бораи пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7. Дар бораи пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8. Дар бораи интихоби намояндагони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, барои иштирок дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо оид ба интихоботи аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9. Дар бораи номгузории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и Ҷамоати деҳоти Ориён

10.Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия.
    Аз руи масъалаи якуми рӯзнома ахбороти Н.Собиров, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён шунида шуд. Н.Собиров зикр намуд, ки 1 марти соли 2020-ум, дар 68 участкаи интихоботӣ ва 40 ҳавзаи интихоботии ноҳиявӣ ташкил гардида, дар 40 ҳавзаи интихоботии ноҳиявӣ 160 номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён пешниҳод гардиданд. Бо иштироки қариб 105871 нафар интихобкунанда интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Таҳлилҳои протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба натиҷаи интихоботии вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия нишон дод, ки дар 40 ҳавза вакилон интихоб шуданд.Аз руи миллат 37 нафар тоҷик ва 3 нафар ӯзбек мебошанд. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ, чуноне ки мушоҳидони байналмилалӣ эътироф намуданд, озоду шаффоф ҷараён гирифт ва ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мутахассисони баландпоя, шахсони обрӯманд, донишманду соҳибмаърифат ва арзанда интихоб гаштанд, - илова кард раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот. Сипас, ваколати ҳамаи 40 вакили интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, даъвати шашум тасдиқ гардида, вакилон дар назди халқу давлат савганд ёд намуданд. Аз рӯйи масъалаҳои дуюму сеюми кори иҷлосия вакилони тозаинтихоб Дастури кории Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, даъвати шашумро тасдиқ ва комиссияҳои доимии маҷлисро ташкил намуданд. Инчунин ҳайат ва Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, даъвати шашум тасдиқ карда шуд. Пас аз баррасии ҳамаи масъалаҳои зикргардида, иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, даъвати шашум ба кори худ хотима бахшид. Пас аз баргузории кори иҷлосия ба як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо ва масъулини вобастагардида дар интихоботи баргузоргардида, ки дар сатҳи баландӣ ташкилӣ ва сиёсӣ баргузор гардид, бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Аксҳо аз рафти иҷлосия:

2.IMG_2320.jpg 3.IMG_2323.jpg 

4.IMG_2327.jpg 5.IMG_2331.jpg 

6.IMG_2402.jpg 7.IMG_2411.jpg 

8.jpg 9.jpg

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.