Ҷиҳати амалӣ намудани эълон шудани “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ” ва Аксияи тарғиботӣ амалии “Якҷоя ҳал мекунем!” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён тадбирҳои мушаххас андешида, тибқи нақшаи чорабиниҳо ҳамарӯза шанбегиву вохӯриҳоро дар ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор намуда истодааст.
Дар баргузории шанбегиву вохӯриҳо аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолона иштирок намуда, аз самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ва масъалаҳои рӯзмарра бархурдор мешаванд.
Шанбегии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ” дар ноҳияи Кӯшониён баргузор шуд, аъзоёни ташкилоти нобурда, ҳавлии назди корхона бехи гулу ниҳолҳоро нарм намуда, аз алафҳои бегона тоза карданд ва азм доштанд, ки дар фаъолияти ҳизбӣ самтҳои афзалиятнокро тадбиқ менамоянд.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён