Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 20 марти соли равон сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Кӯшониён, дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин сафари корӣ, Сарвазири мамлакатро Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон роҳбарияти вилояти Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён ҳамраҳӣ намуданд. Бо назардошти нақшаҳои пешбинишуда, дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, дар ноҳияи Кӯшониён махсусан дар сафари кории меҳмонони Олиқадр дар ноҳия 6 иншоот ба истифода дода шуд. Қабули меҳмонони Олиқадр бо барномаи рангини театрикунонидашудаи фарҳангӣ, дар Ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳия доир гардид.
Ба истифода додани сехи коркарди равғантозакунӣ, дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳия.
Сохтмони сехи коркарди равғантозакунӣ аз ҷониби соҳибкор Исмоилода Шаҳобиддин, дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол ноҳия, бо харҷи як миллиону панҷсад ҳазор сомонӣ, дар масоҳати 0,08 гектар сохта шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки бино аз як ошёна иборат буда, бо паҳноии 12 м ва бо дарозии 36 м. ҷойгир буда, дар дохили иншоот ду адад ҷойи коргоҳ, 10 адад зарфи бузурги оҳанини коркарди равған, 3 адад дастгоҳи тайёркунии равған ҷойгир мебошад.Иқтидори истеҳсолии коргоҳ то 10 тонна равған дар як рӯзро ташкил дода, дар ин ҷо наздик ба 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Дар сехи мазкур таҷҳизоти муосири коркарди равған мувофиқ ба навъҳо ва ҷавобгӯ ба стандартҳои муқарраршуда насб гардидаанд. Баъди ифтитоҳи корхонаи нави равғанбарорӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни кори он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба соҳибкори ватанӣ барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот изҳори сипос карда, ба масъулон барору комёбӣ орзу намуд. Маврид ба зикр аст, ки сохтмони сехи мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ва барои дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми мамлакат “Саноатикунонии босуръати кишвар” ба шумор рафта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Аксҳо аз рафти сафари корӣ: