Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вализода Икромидин Сироҷиддин ва дигар шахсони расмӣ, дар деҳаи “Барои Ҳосилот”-и Ҷамоати деҳоти “Заргар” роҳи мумфаршшударо бо дарозии 4,5 километр мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Мумфарш ва чароғонкунии роҳи деҳа аз тарафи соҳибкорон, оилаи Исмоиловҳо ва аҳолии деҳаи Б.Ҳосилот, бо сарфи 4,5 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст. Дар ҳудуди иншооти мазкур дар як тарафи роҳ ба миқдори 640 адад аз даромадгоҳ то баромадгоҳи деҳа ниҳоли санавбар шинонида шудааст. Дар ин мавзеъ Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, дар маросими кишти пунбадона иштирок карда, ба марди деҳқон барори кору бардоштани ҳосили баландро таманно намуданд.
Аксҳо аз рафти сафари корӣ: