Зимни сафари кории худ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва дигар ҳайати расмӣ, дар Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-ро, дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони бинои иловагии ин муассисаи таълимӣ соли 2018 бо ҷалби маблағгузории Ҷумҳурии Олмон оғоз гардида, он аз тарафи ташкилоти сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Саидо” ба маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Иншооти мазкур аз ду ошёна бо масоҳати паҳнои 15 метр ва дарозии 30 метр иборат буда, дорои 10 синфхона, як хонаи омӯзгорон, утоқи кории директори муассиса, китобхона мебошад.
Ҳамчунин дар шафати бинои асосӣ 3 синфхонаи иловагӣ, аз ҷумла синфи дӯзандагӣ ва дуредгарӣ, ошхона, ҳуҷраи анҷомхона ба нақша гирифта шудааст. Мавриди зикри хос аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ, ваҳдати комили сартосарӣ ва талошҳову ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф рушд карда, ба яке аз самтҳои афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст. Сарвазири мамлакат омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни халқ ва муқаддастои миллӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон даъват намуд.
Аксҳо аз иншоти мазкур: