
Дар идомаи сафари корӣ, Қоҳир Расулзода Сарвазири мамлакат, Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва дигар шахсони расмӣ, дар деҳаи “Барои Ҳосилот”-и Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, маркази саломатии деҳотиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин иншоти соҳаи тандурустӣ, дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи соҳибкор Исмоилзода Салоҳиддин ба маблағи 680 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар корҳои сохтмонӣ 12 нафар сокинони маҳал ба кори мавсимӣ ҷалб шуданд. Марказ бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, дорои 7 утоқи корӣ бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ аз тарафи соҳибкор муҷаҳҳазонида шудааст. Дар дохили марказ утоқҳои дандонпизишкӣ, хатна, ҳуҷраи момодоя, ҳуҷраи доругузаронӣ, муоинаи тиббӣ (узӣ) ва утоқи бақайдгирӣ омодаи хизмат ба шаҳрвандон мебошанд. Марказ барои 3000 нафар сокинони деҳаи “Барои Ҳосилот” бо 4 нафар корманди соҳаи тиб хизмати тиббӣ мерасонад.
Аксҳо аз рафти шиносоӣ: