Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, дар доираи сафари кории худ ба ноҳия ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён ва дигар шахсони расмӣ, аз гармхонаҳои навбунёди лимӯпарварӣ, дар деҳаи “Барои Ҳосилот”-и Ҷамоати деҳоти “Заргар” дидан намуданд. Гармхонаҳо аз ҷониби соҳибкор Салоҳиддин Исмоилзода, бо маблағи як миллион сомонӣ дар майдони як гектар бунёд гардидааст. Боиси қайд аст, ки дар гармхонаи мазкур 400 ниҳоли лимӯ шинонида шуда, парвариши он дар ҳолати хуб қарор дорад. Аз ҳар як ниҳол то 50 килограмм лимӯ дар мавсими имсола ҳосил рӯёнида шудааст. Гармхонаҳо аз 4 қатора иборат буда, бо паҳноии 13 метр ва дарозии 100 метр сохта шудааст. Инчунин дар қатори байни ниҳолҳои гармхонаҳои мазкур парвариши картошка низ ба роҳ монда шудааст, ки айни ҳол нашъунамои хуб дорад. Зикр гардид, ки дар гармхонаҳои мазкур барои 20 нафар сокинони маҳал ҷойи кори доимӣ муҳайё карда шудааст. Баъди шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаҳои навбунёд Сарвазири мамлакат ба кори кишоварзон баҳои арзанда дода, онҳоро барои истифодаи имкониятҳои мусоиди боду ҳаво ва хоки зархези ин сарзамин ҳидоят кард.
Аксҳо аз рафти сафари кори: