КӮШОНИЁН НАВРӮЗ-2020: ИФТИТОҲИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ВА ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

     Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, роҳбарияти ноҳия ва дигар шахсони расмӣ, дар вазъияти тантанавӣ Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маркази ноҳия, шаҳраки И.Сомонӣ ифтитоҳ намуданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поя, бо баландии 51 метр қомат афрохта, паҳноии матои он 7 метр ва дарозиаш 14 метрро ташкил медиҳад. Баландии пояи Нишони давлатӣ, ки дар рӯ ба рӯйи Парчам сохта шудааст, 24 метр мебошад. Барои бунёди ин иншоотҳо як миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Ҳамчунин, дар иншооти мазкур аз тарафи корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳия, дар масоҳати 500 метр хатҳои обгузар барои об додани қитъаҳои замини майсазор ва гулҳои мавсимӣ гузаронида шудааст. Ҳамчунин барои ороиши майдони мазкур бо симчӯбҳои равшанидиҳанда аз тарафи идораи барқи ноҳия корҳои васлгарӣ ба анҷом расонида шуда, ҳудуди майдон сафолакпӯш гардидааст. Ёдовар мешавем, ки сохтмони майдон ва Парчам ва Нишони давлатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи муқаддасоти миллӣ сохта, баҳри фароғати сокинони шаҳрак ҳамчун гулгашт ва макони баргузории иду ҷашнҳо анҷом дода шудааст. Сарвазири мамлакат ва роҳбари вилоят ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастур доданд. Бунёди парчаму нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази ноҳияи Кӯшониён ва ба макони сайру гашти сокинон тадбил ёфтани ин мавзеъ туҳфаи арзишманд ба сокинони ноҳия ба истиқболи ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Аксҳо аз рафти сафари кори:

2.DSC_0252.jpg 3.IMG_3575.jpg 5.DSC_0261.jpg 4.DSC_0256.jpg 6.DSC_0265.jpg 7.DSC_0271.jpg 10.DSC_0299.jpg 13.IMG_3612.jpg 14.IMG_3621.jpg 9.DSC_0297.jpg 11.DSC_0303.jpg 12.DSC_0321.jpg 15.IMG_3633.jpg 16.IMG_3679.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.