КӮШОНИЁН НАВРӮЗ-2020: БУНЁДИ ГАРМХОНАҲОИ ПАРВАРИШИ САБЗАВОТҲОИ БАРВАҚТӢ, ДАР ДЕҲАИ “БАРАКАТ”-И ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВБАҲОРИ НОҲИЯ

    Дар доираи сафари корӣ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, роҳбарияти ноҳия аз гармхонаҳои навбунёди парвариши сабзавотҳои барвақтӣ, дар хоҷагии деҳқонии ба номи Имоми Аъзами Ҷамоати деҳоти “Навабаҳор”-и ноҳияи Кӯшониён дидан намуданд. Ин силсилаи гармхонаҳо аз ҷониби соҳибкор Бедимоғов Давлатёр дар майдони 1 гектар замин ташкил шудаанд. Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки дар гармхонаи мазкур дар масоҳати 0,30 га парвариши помидор, дар масоҳати 0,30 га парвариши бодиринг, дар масоҳати 0,10 га қаламфури тез ва дар масоҳати 0,20 га парвариши боимҷон ба роҳ монда шуда, дар давраи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳосили аввалин ба даст меояд. Шумораи гармхонаҳо 17 ададро ташкил дода, аз ҷумла 4 адад гармхона бо паҳноии 10 метр ва дарозии 70 метр, 12 адад бо паҳноии 10 метр ва дарозии аз 29 то 40 метр ва 1 адад гармхона бо паҳноии 10 метр бо дарозии 27 метр ташкил карда шудааст.Ҳамчунин дар ҳудуди иншооти мазкур 1 адад бинои ёрирасон бо паҳноии 4 бо дарозии 15 метр аз ҳисоби масолеҳи тахтагин барои истироҳат ва ошхонаи кормандон ва 1 адад бинои ёрирасон бо паҳноии 8 ва дарозии 17 метр аз масолеҳи сохтмонии тахта ва тунука барои таъмири техникаҳои кишоварзӣ мавҷуд мебошад. Ҳангоми ба истифода додани гармхонаи мазкур барои 13 сокини маҳал ҷойи кори доимӣ ва дар мавсими ҳосилғундорӣ барои 30 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё мегардад. Илова бар ин, дар назди гармхона парвариши дигар зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз, сирпиёз, карами баҳорӣ, гулкарам, картошка ва кабутиҳо парвариш шуда истодааст. Дар ин мавзеъ инчунин Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи кутоҳи ҳунарии аҳли санъати ноҳияи Кӯшониён дидан намуданд.

Аксҳо аз рафти сафари кори:

2.DSC_0011.jpg 3.DSC_0338.jpg 4.DSC_0358.jpg 5..jpg 6..jpg 7.20200320_091130.jpg 8..jpg 9..jpg 10..jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.