
Пайравони ташкилоти экстремистӣ террористии собиқ Ҳизби Наҳзат дар давоми фаъолияти худ барои бадном кардани давлати Тоҷикистон ҳар гуна амалҳои хиёнаткоронаву нангин содир намуда, туҳмату буҳтон бофта, сулҳу ваҳдатро дар кишварамон халалдор кардан мехоҳанд. Шукри яздони пок, ки оқибат ин бадкирдорон ба мақсадҳои нопоку ғаразноки худ нарасида ба кишварҳои бегона роҳи гурез пеш гирифтанд.
Вале то ҳол тариқи шабакаҳои интернетӣ хиёнаткорони дур аз Ватан аз кишварҳои хориҷ санги маломат ба сари ҳамдиёрони худ мезананд, дур аз Ватан лофи беҳуда мезананду суханҳои сафсата мегӯянд, ки ҳеҷ ба ҳақиқат рост намеояд.
Пайравони ташкилоти экстремистӣ террористии собиқ ҲН ҳамчун фурӯхташудагон дар давраи ҷанги таҳмилӣ мардумро ба равияи ваҳобӣ ҷалб менамуданд. Исломро ҳамчун ниқоб истифода намуда, сафи худро аз ҳисоби ҷавонони раҳгумзада, ки аз Ислом фарсахҳо дур буданд, зиёд намуда, ба амалҳои ифротгароӣ ҷалб менамуданд.
Оқибат соли 2015 боз хостанд, ки бо ёриву мадади хоҷагони хориҷии худ табаддулоти давлатӣ баргузор намоянд, вале ин дафъа низ тирашон хок хӯрд.
Ҳар як ватандор дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва ватани ӯ таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили он хатар мубориза мебарад. Вале дар масъалаи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ бояд гуфт, ки хатари он на танҳо ба ҳукумат ва сохтори сиёсӣ набуда, балки хатари он бевосита ба ҳар як нафари мо равона шудааст. зеро онҳо на танҳо ба давлат ва сохти конститутсионии мо, балки ба рӯзгори ободу осудаи мо, ба тарзи зиндагии шахсии ҳар яки мо, ба хонаву молу мулки ҳамаи мо, ба модару хоҳари ҳар яки мо, ба фарзанди ҳар яки мо бевосита таҳдид мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи саодату сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ раҳнамои беамсолӣ фардои ободӣ миллату давлат буда, ҷойгоҳи хоса доранд ва мо дар пайравии амалҳои неки ин марди сиёсатмадор намегузорем, ки нохалафе ба кишвари мо таҳдиде дошта бошад.
Сармутахассис оид ба корҳои дини
Ҷамоати шаҳраки Бохтариён
Валиев Д.