Хизмат ба Ватан рисолати мардонагист

       Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардидаанд, инчунин дар доираи идомаи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, санаи 27 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои Ҷамоати деҳоти Заргар, вохӯрии роҳбарияти ноҳия бо сокинони ҷамоат баргузор гардид.

       Рӯзномаи ҷамъомад аз якчанд масъалаҳои ҳалталаб иборат буда, пеш аз ҳама раиси ноҳия дар баромадашон қайд намуданд, ки аз 4 марти соли 2020, таҳти рақами 1466 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ ба тасвиб расид. Бо мақсади иҷрои саривақтии Фармони мазкур нақша-чорабиниҳо таҳрезӣ гардида, комиссияи ноҳиявӣ таъсис дода шудааст.

2_6.jpg

       Роҳбарияти ноҳия аз иштирокчиёни вохӯри даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Пешвои муаззами миллат, ҷавонони синни даъватиро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намоянд.Инчунин масъалаҳо оид ба риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, таҳсили ғайрирасмии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ аз тарафи наврасону ҷавонон, корҳои ободонию созандагӣ ва кишти баҳори мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.