Вохӯрии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, бо раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён

         “Вакилон бо дар назар доштани манфиатҳои милливу давлатӣ фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар таҳкими ваҳдату субот ва пешрафту ободии мамлакат мегузоранд”.

                  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

        Бо мақсади корбарии саривақтӣ ва фаъолнокии Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, шиносоӣ бо нақшаи кории Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён дар соли 2020, вазифаҳо ва ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияҳои доимӣ, вохӯрии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, бо раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён доир гардид. Тибқи нақшаи кории комиссияҳо, ки барои соли 2020 таҳия ва тасдиқ карда шудааст, ин пеш аз ҳама дар амал татбиқ намудани иҷрои саривақтии дастур ва супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаву консепсияҳои қабулнамудани Ҳукумати Ҷумҳурӣ, дар таъмини иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2019 бармеоянд, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, таҳким бахшидан ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии сокинон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», беҳтар намудани муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, тавассути ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва дигар сарчашмаҳо оид ба таъмиру тармими роҳҳои маҳаллӣ, инкишофи ҳунарҳои мардумӣ,ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, солимгардонии муҳити зист, ба талаботҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгу будани маҳалҳои аҳолинишин, меъморию шаҳрсозӣ мутобиқ гардонидани маҳаллаҳо, биною иншоотҳои маъмурӣ, самаранок истифодабарии қитъаҳои заминҳои ҳавлигӣ, президентӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ, дар ҳувияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани фарзандон, дастгирии сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои саривақтии қарорҳои қабулнамудаи раиси вилоят, ноҳия ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз таҳрезӣ карда шудаанд. Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, дар фуроварди сухан қайд намуданд, ки аз маҷлиси имрӯза баҳри, дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати кишвар, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вакилони ноҳия бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро равона намуда, барои рушд ва тарақи додани соҳаҳои хоҷагии халқ, маҳорат, малака ва донишу худро дареғ нахоҳанд дошт.

2.2.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.