«Саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Модар - Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».
Аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 марти соли 2020, таҳти рақами 1466, “Дар бораи эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ”, санаи 1 апрели соли равон, дар толори Кохи фарҳангӣ ноҳия чорабинии тантанавӣ, гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, ҷавонон, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва волидони наваскарон баргузор гардид. Дар суханронии худ Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия қайд намуданд, ки мо фаъолон, пеш аз ҳама вазифадорем, ки дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳифзи муққадасоти миллӣ, амну субот ҳимояи марзу буми кишвари азизамон ва баланд бардоштани масъулияти ҷавонони азизи ноҳия тадбирҳои заруриро амалӣ намоем. Ҳамзамон раиси ноҳия миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба тамоми волидони ҷавонони ихтиёрӣ сафарбаршуда расонида, ба ҷавонони сарбаланди ноҳия баҳри адои содиқонаи хизмати ҳарбӣ сарбаландӣ, тансиҳатӣ, некномӣ ва дигар тамманиёти некро баён намуданд. Сипас якчанд ҷавонони ноҳия ва ҷавонони сафарбаршуда баромад намуда, миннатдории тамоми ҷавонони ноҳияро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, барои шароити мусоид фароҳам овардан дар тамоми ҷабҳаҳо баён намуданд. Дар рафти чорабинӣ маросими гусели наваскарон бо газидани нон ва гирифтани дуъои модар баргузор гардида, ҷавондухтарон бошад ба ҳар як наваскар дастмоли зебои миллӣ тақдим намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо якчанд сурудҳои ватандӯстона, иштирокчиёни чорабиниро болидахотир намуданд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ: