Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба одоби вакилон” ҷаласаи аввали худро баргузор намуд

   Бо мақсади таҳрезӣ ва шиносоӣ бо нақшаи кории комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён “Оид ба одоби вакилон”, ки аз ҷониби раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ гардидааст ва муайян намудани котиби комиссия, санаи 31 марти соли равон, ҷаласаи аввали аъзоёни комиссия баргузор гардид. Дар ҷамъомад фаъолияти минбаъда ва нақшаи кори барои соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифта, котиби комиссия аз ҳисоби аъзоён муайян карда шуд. Бояд қайд намуд, ки аз фаъолияти пурсамари комиссияи мазкур, фаъолияти кории вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, интизом ва одоби онҳо вобастагии калон дорад. Дар рафти ҷамъомад таклиф гардид, ки комиссияи мазкур дар фарҷоми ҳар моҳ ҷаласаҳои худро баргузор менамояд.

2._1.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.