Мехоҳам андешаи худро дар бораи як нафар корбари фейсбук Абдулло Саид Аҳрор, ки дар баромади суҳбати рӯ ба рӯи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, хиёнат карда дар ҳаққи давлат, мардуми тоҷик Кабирӣ баромад мекард баён созам.
Абдулло Саид, мехоҳам ба ту рӯи рост бигӯям. Вақте, ки Тоҷикистон ба хун оғӯшта буд, бародар бародаро мекӯшт, номи тоҷик аз байн мерафт, мардум гуреза шуда буд, куҷо буд, Кабирӣ, ки суҳбати рӯ ба рӯ кунад. Вақте халк аз гуруснагӣ дар азоб буду мардуми вилояти Кӯлоб ба бемориҳои гуногун сироятӣ гирифтор шуданд, куҷо буд Кабирӣ, ки суҳбати рӯ ба рӯ кунад. Дар давоми солҳои 1993-2000-ум чандин маротиба Тоҷикистон хушксолиро аз сар гузаронд ва бо ташаббус ва хизматҳои арзандаи Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон бе душворӣ он солҳоро пушти сар карданд, куҷо буд Кабирӣ, ки суҳбати рӯ ба рӯ кунад.
Кабирӣ барои мардуми тоҷик ва барои Тоҷикистон чӣ кор кардааст?
Ғайр аз хиёнат ба давлати худ, хизмати хоҷагони хориҷӣ, бадном кардани давлати худ, ба муқобили давлати худ ба хотири пул шуда кор кардан ва паст задан, сиёҳ карданҳои бемаънӣ ва дигару дигар хиёнатҳои беҳисоб, кори дигаре барои ободонӣ ва манфиати давлату халқ накардааст.
Барои чӣ шахсияте чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷон дар кафи даст Тоҷикистонро аз арсаи нобудшавӣ раҳо сохт. Имрӯз шабу рӯз барои зиндагии арзандаи халқаш андеша мекунад, Тоҷикистонро биҳишти рӯи замин кардааст. Бо як нафар хиёнаткарда дар хаққи давлату миллати тоҷик суҳбати рӯ ба рӯ кунад? Ин фикри ту Абдуллои Саид хатои маҳз буда, ва фикру пешниҳоди бесаводона аст. Ин як фикри пуч аст.
Фаромуш насозед мардуми бонанги тоҷик хеҷ гоҳ ин Кабирии террорист, душмани асилашро барои хуни ноҳақи рехтааш, хиёнат бар Ватан кардаро намебахшад. Ҳеч гоҳ!
Раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси
вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён
Сатторова Меҳрубон