Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, санаи 1 апрели соли равон, комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳофизати оила, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва кор бо ҷавонон ва варзиш” бо иштироки тамоми аъзоён, масъулини соҳаҳои дахлдор, ҷаласаи якуми худро баргузор намуд. Рӯзномаи ҷаласаи комиссия аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Дар бораи интихоб намудани муовини раиси комиссия ва котиби комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳофизати оила, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва кор бо ҷавонон ва варзиш”.
2. Дар бораи тасдиқи нақшаи кории комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳофизати оила, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва кор бо ҷавонон ва варзиш” барои соли 2020.
Ҷаласаро раиси Комиссия М.Абдусаломзода кушода вакилонро сараввал ба сифати вакили мардумӣ интихоб шуданашон табрик намуда, ба вакилон аъзоёни комиссия барои иҷрои ваколати вакилии минбаъда комёбиҳо орзу намуданд. Сипас аъзоёни комиссия ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис шуруъ намуда, пас аз муҳокимарониҳо ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул намуданд.