ҚАДРДОНИИ ВОЛИДОНИ ҶАВОНОНОНЕ, КИ БО ХОҲИШИ ХУД БА ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАР РАФТАНД

       Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Кӯшониён вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдусаломзода Мунаввар  Алиакбар  бо  волидони ҷавононе, ки  ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд баргузор шуд.

       Дар вохӯрӣ, Абдусаломзода Мунаввар  Алиакбар сараввал миннатдории худро ба тамоми волидони ҷавонони ихтиёрӣ сафарбаршуда расонида, қайд кард, ки ватандӯстӣ аз гӯшаи имондорӣ буда, ҳар фард бояд дар ҳифзи марзу буми кишвари азизи худ саҳм гузорад.

1-1.jpg

       Ҳамзамон  корҳои фаҳмондадиҳиро барои пешгирӣ аз ин вирусе, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст фаҳмонида шуда, аз тарфи масъулини Кумита, маводҳои таблиғотӣ оид ба роҳҳои муҳофизат аз коронавирус ва нишонаҳои коронавирус тақсим карда шуданд.

       Дар охири вохӯрӣ ба 20 нафар волидони ҷавонононе, ки бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан-Модар рафтанд, тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён расонида шуд.

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.