Вохӯрии Иномзода Маҳмадюсуф Сайдалӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия

    Бо мақсади омодагиҳо ба ҷашни бошукӯҳӣ миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, сохтмонӣ иншоотҳои ҷашнӣ, иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, санаи 4 апрели соли равон таҳти роҳбарии Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, вохӯрии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Иномзода Маҳмадюсуф Сайдалӣ бо фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯри ҳамзамон Исозода Диловаршоҳ, сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки Иномзода Маҳмадюсуф Сайдалӣ пеш аз вохӯрӣ муддати чанд рӯз аз тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, иншоотҳои ҷашнӣ ва хоҷагиҳои ноҳия дидан намуда, аз корҳои ба анҷом расонидашуда ва сохтмонҳои рафта истода баҳои баланд доданд. Дар суханронии худ қайд намуданд, ки теъдоди иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳия рӯз аз рӯз зиёд гардида истода, дар назар аст, ки боз бо дастгирии фаъолон ва соҳибкорону саховатмандони ноҳия шумораи иншоотҳои ҷашнӣ боз зиёд мегардад. Иномзода Маҳмадюсуф Сайдалӣ, тамоми роҳбарият ва фаъолони ноҳияро вазифадор намуданд, ки корҳои ободонию созандагӣ, тозагии ободонии маҳаллаҳои аҳолинишин, кӯчаю хиёбонҳо ва сохтмони иншоотҳои хизматрасонӣ ва иҷтимоиро вусъат бахшида, мунтазам ба ситоди ноҳиявӣ маълумоти муфассал пешниҳод намоянд. Инчунин қайд гардид, ки дар якчанд деҳаҳои ноҳия сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ба нақша гирифта шуда, таъмиру тармими дигар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешаванд. Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ, оид ба масъалаи мубрами рӯз, пешгирии бемориҳои сироятӣ ба хусус бемории “Каронавирус” суханронда, масъулини соҳаи тандурустии ноҳия вазифадор гардиданд, ки тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, корҳои оммафаҳмонӣ ва безараргардониро бештар ба роҳ монанд. Қайд карда шуд, ки ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро баҳри пешгирии он андешида истодааст. Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия дар баромадашон қайд намуданд, ки дар баробари корҳои ба анҷом расонида шуда, боз он дастуру супоришҳои дар вохурӣ дарҷ гардида, нақша-чорабинии иловагӣ намуда, баҳри сазовор ва бо дастовардҳои назаррас ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо фаъолони ноҳия, тамоми нерую ғайрати худро равона менамоянд.

2.2_0.jpg 3.3.jpg 4.4.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.