Санаи 8 апрели соли равон, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир гардид, ки дар кори Шӯро Амиршо Раҳимов, муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Фақир Саъдуллоев, котиби Шӯрои вилоятӣ, Баёзи Саидҷаъфар, котиби масъули Шӯрои вилоятӣ, роҳбарияти ноҳия ва аъзоёни Шӯрои ноҳиявӣ иштирок намуданд. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Синбоди Асадулло, дар бораи фаъолияти Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳисобот дода, қайд намуд, ки рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23-солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳия бо маром идома дорад. Қайд гардид, ки Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмонро собитқадамона амалӣ гардонда, чорабиниҳои зиёди оммавӣ-сиёсиро баҳри ҳифзи музаффариятҳои Истиклолият, таъмини оромию осоиштагӣ ва сулҳу Ваҳдати пойдор, ки асоси пешравиҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, гузаронда меояд. Маҳз самараи сулҳу Ваҳдат аст, ки тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳамаи манотиқи кишвар вусъат ёфта, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ боло меравад, сатҳи зиндагонии мардум беҳтар мешавад. Сокинони ноҳия зимни мулоқоту вохӯриҳо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро оид ба дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бо шукргузорӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Мисоли равшани инро дар дигаргуниҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва тадбирҳои ободонию бунёдкории ноҳияи Кӯшониён ҳар сари қадам дучор шудан мумкин аст, қайд намуд Синбоди Асадулло. Аз рӯи масъалаи дигари рӯзномаи Шӯро, Сафар Ҳалимов бо ҷонибдории ҳамаи аъзоёни Шӯро, котиби озоди Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия интихоб гардид. Баъд баррасии масъалаҳои рӯзномаи Шӯро намояндагони Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят оид ба вазифаҳои минбаъдаи аъзоёни Шӯрои ноҳиявӣ, бобати ташкили корҳои оммави-сиёсӣ ва тарғиботи-ташвиқотӣ дар байни омма маслиҳату дастурҳои судбахш доданд. Ҳамчунин вазифаҳои навбатӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23-солагии таъсисёбии Харакати ваҳдати миллӣ тарҳрезӣ гардид. Иштирокчиёни Шӯро ба кулли сокинони ноҳия Муроҷиатнома қабул намуданд, ки ҳадафи асосии он вусъат бахшидани фаъолияти ҷамоатчигӣ, корҳои ободонию созандагӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад.