Бо мақсади иҷрои саривақтии дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 №13-98 “Оид ба андешидани чораҳои пешгирикунанда, паҳншавии бемориҳои сироятӣ”, Амри раиси ноҳия аз 2 апрели соли 2020, №27 ба тасвиб расида, дар асоси он, Ситод оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ноҳия, бо мақсади таъмини амнияти саломатии сокинони ноҳия таъсис дода шуд, ки ҷаласаи Ситод ҳаммарӯза баргузор гардида истодааст. Ба аъзоёни Ситоди ноҳиявӣ тамоми масъулини соҳаи тандурустии ноҳия ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор шомил мебошанд. Тибқи Амри раиси ноҳия, аъзоёни Ситод ҳамаррӯза корҳои оммафаҳмонӣ ва безарраргардонии биною иншоотҳо, манзилҳои истиқоматӣ, ташкилоту идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба роҳ мондаанд.