Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2020, таҳти рақами 1466, оид ба даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҳавасманд намудани даъватшудагон ва таъмини онҳо бо шаҳодатномаҳои ронандагӣ тасмим гирифта, буд ки зиёда 100 нафар ҷавонони даъватшавандаро бо шаҳодатномаҳои ронандагӣ таъмин намояд. 61 нафар ҷавонон аз курсҳои ронандагӣ гузашта, давра ба давра шаҳодатномаҳои ронандагии онҳо аз тарафи роҳбарияти ноҳия супорида мешавад. Бо ин мақсад, дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, дар ҳузури волидони даъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ, ба қисме аз онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ аз тарафи роҳбарияти ноҳия супорида шуд.
Аксҳо аз рафти супоридани шаҳодатномаҳои ронандагӣ: