Фестивал-озмуни “Сад ранги чакан”, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гашта истодааст

  «Аллакай, дар зарфи соли якуми эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст. Бо вуҷуди ин, мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти чойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем».

   Аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

  Бо мақсади татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”, рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 31 июли соли 2019, №808 “Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди чакандузӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021”, роҳандози намудани тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳёи мероси ғайримоддии фарҳангӣ, рушд додани санъати чакандӯзӣ дар љамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия даври якуми фестивал-озмуни “Сад ранги чакан” баргузор гардида истодааст. Санаи 10 апрели соли равон, тибқи Низомномаи фестивал-озмуни мазкур, бо иштироки Кумитаи тадорукот, дар шаҳраки И.Сомонии ноҳия, чорабинии баландӣ фарҳангӣ, бо иштироки занону духтарони ҳунарманд ва кӯдакону наврасон баргузор гардид.

Аксҳо аз рафти чорабинӣ:

2.2_3.jpg 3.3_2.jpg 4.4_1.jpg 5.5_0.jpg 6.6.jpg 7.7.jpg 8.8.jpg 9.9.jpg 10.10.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.