«Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар яки мост».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, ҷиҳати тадбиқи саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2020, таҳти рақами 1466, оид ба даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ, ҳавасманд намудани даъватшудагон ва таъмини онҳо бо шаҳодатномаҳои ронандагӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар марҳилаи навбатӣ бо ҳузури волидони даъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ аз тарафи роҳбарияти ноҳия супорида шуд. Волидони даъватшудагон, дар навбатӣ худ аз иқдоми пешгирифтаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори миннатдорӣ намуданд. Ҷавонони даъватшуда дар ҳузури роҳбарияти ноҳия ва волидону хешовандон ваъда доданд, ки сарбаландона хизмати Модар- Ватанро адо менамоянд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ: