Бо мақсади дастгирии қисми осебпазирӣ аҳолии ноҳия, вусъат бахшидани корҳои оммафаҳмонӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, безараргардонии манзилҳои зист, риояи гигиенаи шахсӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён тасмим гирифтааст, ки бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст, ба эҳтиёҷмандон, шахсони имконияташон маҳдуд ва дигар қисми осебпазирӣ аҳолии ноҳия, ниқобҳои муҳофизатии махсус ва маҳлулҳои безараргардониро ройгон тақсимот намояд. Марҳила ба марҳила корҳои оммафаҳмонӣ ва тақсимоти маводҳои номбурда аз тарафи кормандони Маркази назорати давлатии санитарӣ эпидемиологии ноҳия, бахши ҳифзи иҷтимои аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба роҳ монда шудааст.
Аксҳо аз рафти тақсимоти маводҳо: