Кӯшониён: Баргузории маҷлиси ҷамъбасти тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Кӯшониён, дар 3 моҳаи аввали соли 2020-ум

     Рӯзи 20 апрели соли равон, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Маҳмадюсуф Сайдалӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Исозода Диловаршоҳ сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳо, ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳо,сарварони муассисаҳои таълимӣ, кормандони шуъбаи маориф, иттифоқи касабаи кормандони шуъбаи маориф, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, маҷлиси ҷамъбасти тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия, дар 3 моҳаи аввали соли 2020-ум баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлиси ҷамъбастӣ, сараввал ҳисоботҳои муовини аввал ва муовинони раиси ноҳия, оид ба фаъолияти кории соҳаҳои вобастагардида шунида шуд. Баъд аз шунидани ҳисоботҳо, тибқи рӯзномаи маҷлис пурсиши як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо ба амал омада, раиси ноҳия оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бартараф намудани камбудиҳою норасоиҳо, ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон дар кори ҷаласа Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Маҳмадюсуф Сайдалӣ ва сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Исозода Диловаршоҳ суханронӣ намуда, бо таҳлилҳои мушаххас ба масъулин дастуру супоришҳои худро манзур намуданд. Ба хусус Имомзода Маҳмадюсуф Сайдалӣ, оид ба тезонидани кишти баҳорӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ёрирасон ва наздиҳавлигӣ, иҷрои босифати қисми даромади буҷет, корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар корҳои ҳалталаб масъулини соҳаҳои дахлдоро вазифадор намуданд. Бояд қайд намуд, ки ҳафтаи сипаригашта озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули Лола”, ки ҳамасола бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гаштани Солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷамъбаст гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён сазовори ҷойи 2-юм, дар байни шаҳракҳо, шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳия сазовори ҷойи аввалро гаштанд. Дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Маҳмадюсуф Сайдалӣ ва Исозода Диловаршоҳ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба раиси ноҳия Диплом ва вимпели сазовори ҷойи дуюм супорида шуд. Инчунин ба раиси Ҷамоати шаҳраки И.Сомонӣ диплом ва вимпели сазовори ҷойи якуми озмун тақдим гардид. Қайд гардид, ки ин дастовардҳои бадаст омада, заҳмати ҳамаи меҳнаткашони ноҳия ба ҳисоб рафта, дар оянда низ баҳри ноил гаштан ба дастовардҳои назаррас кӯшиш ба харҷ хоҳад намуд, арзёбӣ намуданд раиси ноҳия. Дар фарҷоми ҷаласа бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул гардид.

Аксҳо аз рафти маҷлиси ҷамъбастӣ:

2.2_5.jpg 3.3_5.jpg 4.4_4.jpg 5.5_3.jpg 6.6_0.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.