Дар ҷумҳуриамон ҷавонон яке аз неруҳои созандаву бунёдкор ва пешқадами ҷомеа ба шумор мераванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхории падарона зоҳир менамоянд ва дар ҳама ҷо онҳоро дастгирӣ мекунанд. Зимни вохӯриву мулоқотҳояшон якеро ба хондан ташвиқ намуда, сазовори номи донишҷӯӣ менамоянд, дигареро ба пешае сазовор медонанд ва сеюминро бо амалҳои хайр дасти ёрӣ дароз мекунанд. Аз ин ҷост, ки ҷавонон худро пайрави Пешвои миллат медонанд.
Саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеаи имрӯза дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ назаррас буда, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ иштироки фаъолона доранд.
Яке аз чунин ҷавононе, ки имрӯзҳои дар созандагиву ободонии Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз заҳми арзанда дорад ин Рустами Эмомалӣ буда, баро ободу зебо гаштани шаҳри Душанбе дар як фурсати хеле кутоҳи вақт бо доштани ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан ба ин сарзамини аҷдодиамон ҷиқадар дигарунӣ намуд, ки ҳар яки мо имрӯзҳо ин дигаргуниҳоро чи аз наздик ва чи аз тавассути оинаи ниюгун дидаему шукргузорӣ мекунем, ки мо халқи тоҷик бо доштани чунин фарзандони ба ору номус дар ватани обод, ки бо доштани фазои осоиштагиву салоҳ аст, зиндагонӣ дорем.
Санаи 17 – уми апрели соли ҷорӣ дар дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе иҷлосияи якуми Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, ки яке аз масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси иҷлосия интихоби раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, бо пешниҳоди узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилзода Дилбар Раҳим номзадии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои интихоб шудан ба мансаби раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Бо итминону сарфарозӣ метавон афзуд, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар иҷрои ин кори пурмасъулияту бошараф аз неруи ҷавони иқтидорафзояндаи худ ба таври самаранок истифода намуда, рисолати мавҷударо бо тадбиқи муҳимтарин ормону ҳадафҳои миллӣ ба иҷро хоҳад расонид. Мо ҷавонони ноҳияи Кӯшониён барои иҷрои вазифаҳои хизматиаш ба Рустами Эмомалӣ барору комёбиҳои беназир таманно менамояд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён
Шеров Сунатулло