Имрӯзҳо, ки ҷомеаи ҷаҳониро паҳншавии бемории сироятии коронавирус ё COVID 19 ба ошуфтагӣ овардаасту ҳама мардуми ҷаҳон ба таҳалуқа афтидаанд, аъзоёнии ташкилоти террористӣ- экстремистии собиқ ҲН аз ин истифода бурда мардуми шарафмати тоҷикро, ки дар фазои осоиштагиву салоҳ зиндагонӣ доранд ба фитнагириву иғвогарӣ андохта истодаанду дар сомонаҳои иҷтимои аз ҳар кунҷи олам баромадҳои фитнаангез мекунанд.
Ман ҳамчун як сокини Ҷумҳуррии Тоҷикистон мехостам дар ин мавзӯъ назари худро гуфта бошам то ин ки, ин иғвоангезонро мурдум шиносад.
Ин иғвоангезон ба қавли худашон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешгирии ин вирус роҳ нишон медиҳанд, ҳоло он, ки аз тарафи давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин вирус тамоми тадбирҳои тиббию прафилактивӣ, барои пешгирӣ аз ҳолатҳои интиқол наёфтани бемории коронавирус ба қаламрави мамлакат андешида шудааст. Иғвоангезон бошад аз ин истифода бурда ҳар ин тадбирҳои андешидашударо дар қаламрави мамлакат аз они худ карда дар сомонаҳои худ лоф зада мегуянд, ки мо роҳ нишон додем ҳукумат кард, магар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани олимону мутахассисон ва коршиносони варзида соҳаи тандурустӣ ба шумобари хиёнаткорон ки ҳамеша барои сиёҳ кардани ватану миллати хеш аз барои дарёфт кардани пули ҳароме, ки аз тарафи хоҷагонатон мегиред, муҳтоҷ аст? Асло не.
Ҳама барномаҳои ин гуруҳҳои фитнаангез пеш аз баромадашон таёр буда, барои пул марҳдумфиребӣ мекунанд. Ба мардуми шарафматди тоҷик байён мекунам, ки ин гуруҳҳо фақат як мақсад доранд, ин ҳам бошад дар байни мардум иғо андохтан. Ба ин гуруҳҳои фитнаангез бовар накунед, чунки дар масъалаи давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ на бояд ба умеди касеву чизе шуда, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо – Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ-Истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд.
Корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён
Шомалангова Миҷгона Саидқуловна