Ҳануз чандсол қабл Пешвои муаззами миллатмон аз тағирёбии иқлим ва паёмадҳои нохуби он дарак дода буданд. Ҳамеша огоҳ менамуданд, ки ҷаҳони муосир ки хело бо суръати кайхони ҳарсония тағйир меёбад ва дар баробари ихтирооту кашфиётҳои бузург, дар рӯ ба рӯи инсонҳои кураи замин таҳдидҳое қарор мегиранд, ки чун муаммои сарбаста боқи мемонанд. Бемории “Коронавирус” аз ҷумлаи хатарҳои замони нав аст. Ҷаҳон аз ин хатар дар ҳарос монда, ин эпидемия рӯз то рӯз домани ҷуғрофии худро васеь намуда, паҳн мегардад. Садҳо мутахассисони соҳаи тиббӣ ҷаҳонӣ байналмиллал, роҳи табобати ин бемориро наёфтаанд. Шукри Худованди бузург, ки фазои Тоҷикистон ором ва амнияти солимии аҳоли таъмин аст. Риояи қатъии бехдошти фарди ва гигиенаи санитарии шахс кафили саломатии бардавом ва таъмини бехатарӣ дар ҷомеа аст.
Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён