ШИШАИ НОМУСИ МИЛЛАТ ДАР БАҒАЛ ДОРАД Ӯ

      Аз номи занону модарон ва кулли аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ муҳтарам Рустами Эмомалиро барои интихоб гардидан ба вазифаи пурмасъулият, вале пурифтихор самимонаву шодиёна таҳният менамоем. Рустами Эмомалӣ писар ва ё номбардори падарест, ки дар роҳи ватансозӣ, тавонистааст, ки давлату миллати бузурги тоҷикро аз нобудию парокандагӣ наҷот бахшад ва ба бахти ин миллати ситамдидаву ҷафокашидаи тулли ду қарн, сулҳу сафо, осоишу амнияти ҷовидона эҳдо намояд. Пеш аз ҳама, Тоҷикистони маҳбубро хонаи умеди тамоми тоҷикони рӯи дунё гардонидааст. Ин фарди бузург ва созандаи тақдири ҳазорон тоҷику Тоҷикистонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар роҳи ҳаёту зиндагӣ фарзандони фарзонаро ба камол расонидаасту имрӯз онҳо пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат намуда, дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ саҳми намоён доранд. Бо раиси шаҳри Душанбе интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ маркази Тоҷикистони азизи мо ранги тоза гирифта, ободиҳои нав ба нав ба чашм намоёну ҳайрати кулли сайёҳони дохиливу хориҷӣ гардидааст. Бешак музафарриятҳои бесобиқа, таҳрику хуррамгардониҳои бемисл, навсозиҳои навини се соли охир шаклу намоӣ шаҳри Душанберо хеле ва хеле зебову дилоро ва диданиву тамошобоб гардонидааст. Зимнан мо ҳама дар ояндабинии воқеъбинона аз ин ободкориҳои азим, бунёдкориҳои сифатнок дар арафаи шукуфтанҳо мефахрему ифтихор менамоем. Бартараф гардидани тамоми нақлиёти пастсифати ҷамъиятии сокинон, бунёду азнавсозии гулгашту боғҳои наву замонавӣ, сар ба фалакпечии хонаҳои зебову баландошёна, сохта ба истифода додани роҳу пулҳои замонавӣ, таҷдиди ҳамаҷониба ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ сохтани нақшаҳои генералии пойтахт ҳама аз ҳадафҳои созандагӣ, ободгароӣ ва ватансозии ҷавонтарин Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳодат медиҳад. Беҳуда нагуфтаанд: "Бузургӣ ба ақл аст на ба сол " ва Рустами замони мо бо бозувони Рустамона, бо ақлу хираду заковати ба худ хос мактаби бузургу хиради азалӣ ва ватандустии хоси Падари азиз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо завқи баланди ватансозӣ бо гомҳои устувор, собитқадамона тай менамояд.Тамоми дастуру ҳидоятҳои падаронаи Сарвари давлатро сармашқи кору фаъолияти худ карда муваффақ ҳам гардидааст. Ҳама талошу кушишҳои ин Сарвари ҷавон барои ободу зебо ва шукуфон сохтани Душанбешаҳр ҳамзамон баҳри пешрафти иқтисодиёт ва равнақи ҳаёти иҷтимоии пойтахтамон Душанбешаҳр нигаронида шудааст. Тамоми пешравиҳои ҳамаҷониба дар маҷмуъ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии мо ҳама ҳизбиён, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад, ки аз қисмати хотимавии Паёми имсола сарчашма мегирад. Ба вазифаи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидани муҳтарам Рустами Эмомалӣ исботи он аст, ки ин ҷавони ғайюру сиёсатмадор бо доштани таҷрибаи кофӣ дар ҳама самтҳои фаъолияти хизматӣ давлатӣ ва бо шавқу завқи зебоипарастӣ, ҳисси баландӣ ватандӯстиву ватансозӣ тамоми фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун ҷавонтарин роҳбар на танҳо бо сухан балки дар амал нишон додааст, ки таҳти сиёсати ҷавонпарваронаи Роҳбари муаззами кишварамон обутоб ва рушду такомул ёфта, намуна ва идеали аслии тамоми ҷавонони Тоҷикистонро ноил гардидааст. Ин рисолати ватанпарваронаро муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо имону виҷдони пок, содиқонаву садоқатмандона дар назди давлату миллат ва қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватан бо дасту дили пок адо карда истодааст, зеро "Шишаи номуси миллат дар бағал дорад Ӯ" Мо ҳизбиён мутмаъинем ва мо боварии комил дорем, ки чун Рустами Эмомалӣ ҳама мардуми бонангу ори Ватан Пайравони содиқи Пешвои миллат гардида, бо якдиливу якмаромӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ тамоми камбудиву мушкилотҳои ҷойдоштаи ин давраи ҳассосро бечунучаро бартараф менамоем ва бо дарки баланди ҳисси масъулият мо ҳамагон барои пешрафти давлати ҷавону соҳибистиқлоламон ва Ватани аҷдодиву азизамон Тоҷикистони маҳбуб ҳамеша заҳмат мекашем ва талош меварзем,ки Ватанамон доимо зебову обод бошад. Ҳама комёбиҳои замони соҳибистиқлолиро аз ҷумла Сулҳу суботро қадр намоем, зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷашни пурифтихори 30- солагии Истиқлолияти давлатамонро бо дастовардҳои пурарзиш ва шукӯҳу шаҳомати хоссаву бемисл дар Ватани озодамон Тоҷикистони азиз истиқбол намоем.

 

 

Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар, Раиси Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.