ШУКРОНА, КИ КИШВАРАМОН АЗ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС ЭМИН АСТ

     Имрӯзҳо насли нуҳуми навъи коронавирусҳо бо номи “Covid-19”, дар саросари ҷаҳон паҳн гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шумули давлатҳои абарқудратарин ба ташвиш оварда, ба сатҳи рушди саноат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти тамоми давлатҳо таъсири ногузирӣ расонида, ҳазорон нафар сироятёфтагон ҷон бохтанду садҳо ҳазори дигар мубталои ин пандемияи насли инсонкуш гардидаанд. Хушбахтона сирояти ин вируси даҳшатангез дар давлати мо Тоҷикистони азиз то ҳол ба қайд гирита нашудаасту ва мову шумо шоҳид ҳастем, ки тавассути шабакаҳои расмии давлатӣ ҳар лаҳза мутмаину воқиф мегардем, ки дар асл сироятшавии ба ин беморӣ дар давлатӣ мо вуҷуд надорад. Зимнан нашрияи Бритониёги “Дейли Майл” қайд кардааст, ки Тоҷикиситон ба руйхати кишварҳои аз “Коронавирус” озод дохил шудааст. Нахустин ҳолатҳои пайдоиши ин бемории сироятӣ, ки нишонааш илтиҳоби ғайримуқарарии шуш мебошад, дар шаҳри Ухани давлати Чин моҳи декабри соли 2019 ошкор шудаасту ва то имрӯз ба зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон паҳн гардидааст. Бо афзун шудани хабару гузоришҳои дар ВАО – и ғайри расмӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда мардум набояд ба ҳар иғвоҳои асоснадоштаи ин шабакаҳо дар ҳол боварӣ ҳосил кунанд ва ба руҳу равони хеш ва дигарон аз лиҳози равони зарбаи афсурдаҳолкунанда зананд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳолати шамолхӯрӣ ё зуком набояд ба ваҳму таҳлука афтид, чунки на ҳамаи ин ҳолатҳое, ки мо мебинем гирифтории сироятшавӣ ба “Коронавирус” аст. Мутасифона бо сабаби бемории илтиҳоби шуш (пневмония) якчанд нафар шаҳрвандони мо, ки пештар ба ин беморҳои сироятии илтиҳоби шадиди шуш гирифтор буданд ба ҳалокат расиданд. Ин қазия дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангомаҳои нав ба навро барпо намуд. Ва барангехтани чунин иғвову дасиса на бояд мардуми моро ба вартаи ноумедиву таҳлука бикашад. Мо бояд фарқияти калони ин бемориҳоро илтиҳоби шуш (пневмония) – ро аз “Covid-19” бо асоснокии дастури махсуси тибии табибон фарқ карда тавонем. Бешак дар Тоҷикистони мо ҳама сола дар мавсимҳои гуногун хуруҷи бемориҳои алергетикӣ ва роҳи нафас зиёда аз 30 000 (си ҳазор) нафарро сироят карда, аз ин ҳисоб зиёда аз 1 700 (як ҳазору ҳафсад) нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.

Боиси хушбахтист, ки сирояти “Короновирус”, дар Тоҷикистон то имрӯз ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирии он аз ҳамаҷониба тарафи давлату Ҳукумат рӯз то рӯз пурзӯр мегардад. Ҳамарӯза ҷаласаҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгири аз паҳншави бемории “Covid-19”, доир мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигаҳдошти солимии шаҳрвандон тамоми чораҳои дахлдорро саривақти амалӣ намуда истодааст. Дар ин росто зиёда аз ҳаштуним ҳазор нафар шаҳрвандону меҳмонони ватани мо, ки хориҷ аз кишвар буданд ҳангоми ба ватан баргаштан бо шатҳу шароитҳои мусоид ба карантин фаро гирифта шуданду кулли онҳо солим ва орӣ аз сироятёфтагон дар муҳлатҳои муаянгардида аз карантин озод шуданд. Дар асоси қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгири аз паҳншави бемории “Covid-19” аз 27 – апрели то 10 – уми майли соли 2020 ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шуд. Андешидани чунин тадбирҳои саривақти байни хонандагон ва безараргардонии тамоми муассисаҳои таълимӣ яке аз роҳҳои пешгирии сироятшави ва таъсири мусби ба генафонди миллат аст. Мутасифона мо шоҳид ҳастем, ки давлатҳое, ки барои сирятёби ба “Covid-19” карантин эълон карданд аз лиҳози иқтисоди зарари бузург дида ва ин албата ба иқтисодиёти ҷаҳон таҳсири бади худро расонидааст.

Мардуми мо, ки бештараш барзгару кишоварзонанд ин шабу рӯзҳо барои пур кардани сабади истеъмолӣ хӯрокаи мову шумо заҳмат мекашанд ва моро лозим аст, ки дар ин шабу рӯзҳои ниҳоят ҳасос бо як неруи хос ва тавонои заҳмат кашему барои таъмини озӯқаворӣ ягон ваҷаб замини зархезамонро бе кор намонда, аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода карда ба коштани зироатҳо ва ғундоштани ҳосилҳои барвақти машғул шавем. Ҳамзамон нагузорем, ки баъзе таҳлуқаву иғвоҳо ба рушди саноат ва иқтисодиёти кишварамон таъсири манфии худро гузорад. Тамоми дастуру ҳидоятҳои сарвати давлатамон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори худ намоем, ки дар яке аз баромадҳояшон чунин қайд карданд. “Фаромӯш набояд кард, ки агар мо ба тарсу ҳарос ва воҳимаю таҳлука афтода, кор накунем, вазъияти худамонро боз ҳам вазнин мекунем ва талафоту зиёни чунин кор аз хисороти бемории коронавирус бештар хоҳад шуд”. Мо мардуми меҳнаткашу заҳматқарини тоҷик метавонем ин мушкилиҳои ҷойдоштаро сарбаландона паси сар намоем. Барои пешрафт ва зиндагии арзандаву шоистаи мардум шабонарӯзӣ талош намоем.

Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.