КӮШОНИЁН: ҲАР ЯК ВАҶАБИ ЗАМИН САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД

    Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои корами обӣ, наздиҳавлигӣ ва гирифтани аз 3 то 4 ҳосил, аз тарафи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Исосзода Диловаршоҳ ва роҳбарияти ноҳия аз хоҷагиҳои ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии сокинони меҳнаткаши ноҳия дидан намуданд. Дар рафти шиносоӣ Имомзода Муҳаммадюсуф миннатдории хешро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сокинони ноҳия ва заминистифодабарандагон, ҷиҳати ташкили гармхонаҳо ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби замин баён намуданд. Қайд намуданд, ки меҳнаткашони ватандӯсти ноҳияи Кӯшониён, саҳми беандозаи худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат гузошта, бозорҳои мамлакатро бо сабзавоти барвақтии тару тоза таъмин менамоянд.

Аксҳо аз рафти боздид:

2.2_8.jpg 3.3_8.jpg 4.4_6.jpg 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.