КӮШОНИЁН: ВАЗИФАИ МО-САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ҲАР ЯК ВАҶАБИ ЗАМИН!

     Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигӣ ва вусъат бахшидани корҳои оммафаҳмонӣ, оид ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз тарафи фаъолони ноҳия, дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, корҳои таблиғотӣ ҳамарӯза бо усули “Хона ба хона” дар ин самт боз ҳам пурзур намуда истодаанд. Ба ҳамин хотир гурӯҳҳои корӣ ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ташриф оварда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд, дар рафти суҳбатҳо масъулин қайд карданд, ки ба саломатии худ ва аҳли оила ба меҳнатдӯсти ҷалб намудани хонавода диққати ҷиддӣ дода, ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода намоянд ва ҷиҳати рӯёнидани ду се ҳосил аз як замин бо истифодаи тухмҳои хушсифат ва дар ин замина таъмини захираи озуқаро барои ду соли оянда тадбирандешӣ намоянд. Ҳамзамон иброз карда шуд, ки имрӯз аз мо талаб карда мешавад, ки ба тарсу таҳлука наафтода, балки ба таври лозима баҳри пешгирии аз паҳншавии ин вирус, тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоем.

2.2_14.jpg 3.3_14.jpg 4.4..jpg 6.6_4.jpg 7.7_1.jpg 8.8_1.jpg 

Миёна: 1 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.